Санаи 7 марти соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дарстгоҳи суд бахшида ба рӯзи Молар ҷаъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад бо суханронии худ оғоз намуданд.
Мирзозода Рустам қайд намуданд, ки мо, ки дар арафаи таҷлили иди Рӯзи модар қарор дорем, бо як ҷаҳон нияту орзу ва меҳрубонию самимияти пок ҷашни фархундаи Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба яко яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу менамоям.
Ба оғози эҳёи табиат – фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳорӣ ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Зеро агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо мардони судҳои иқтисодӣ Шумо азизони дилро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироматонро ҳамеша пос медорем.
Бо ташаббус ва иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлоли давлатӣ мавқеи зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуд, ки имрӯз аз ҳисоби занони лаёқадманд дар идоракунии давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ низ ҷалб ва ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъину интихоб гардида, фаъолияти хуби худро ба роҳ мондаанд.
Маҳз дар заминаи ин ташаббуси оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шумо яке аз занҳои болаёқати миллати тоҷик ҳастед, ки дар ҳокимияти судӣ ба вазифаи басо пурмасъулият таъин гардида, дар таъмини адолати судию иҷтимоӣ нақши бориз гузошта истодаед.
Боварии комил дорам, ки Шумо аҳли бонувони судҳои иқтисодӣ ба иқдомҳои наҷибонаи худ дар оянда низ идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромии ҷомеаи кишварамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоред.
Дар идома муовини Раиси суд Аминзода Зокир баромад намуда ҳозиринро ба муносибаи ин ҷашн табрику муборакбод намуданд.
Дар анҷом як аҷ ҷониби Раиси суди Олии иқтисоди Мирзозода Рустам ба як қатор занону бонувони суд барои гузоштани саҳми арзанда дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими қонуният ва иштироки фаъолона дар корҳои ташкилию сиёсӣ, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ба муносибати Рӯзи модар, бо Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии тахассуси тақдим карда шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу

















