Санаи 4 марти соли 2023 бо супориши Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин бо мақсади зебову назаррабо гардонидани назди бинои суд, ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 8 март рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯзи аҷам, дар суд шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба тариқи дастаҷамъона гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳо, хазонҳо ва партовҳо тоза намуда, баҳри нашъу намои хуб зери дарахтонро нарм намуданд.
Инчунин шанбеги дар дохили бино гузаронида шуда, кормандон даромадгоҳ, толорҳои маҷлиси судӣ ва утоқҳои корӣ корҳои тозаву озода намуданд.
Напечатать страницу










