Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниву ҷамъомадҳои гуногун идома доранд.
Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҳамроҳ бо намояндаи Суди олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ КДАМ 0228 ва 0230 ноҳия боздид намуданд.
Раиси ноҳия ва намояндаи суди олии иқтисодӣ зимни суханронӣ сарбозону афсаронро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодатмандӣ таманно карданд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сӣ сол инҷониб дар ҳифзи истиқлол, таъмини амният ва бехатарии сокинони мамлакат хидмати шоиста гузошта меояд.
Дар идома ба як гурӯҳ фаъолони қисмҳои ҳарбӣ медали ҷашнӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.







