Санаи 23 феврали соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба 30-солаги таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ифтитоҳ намуда, доир ба таърихи таъсисёбии Артиши Милли ва дастовардҳои он дар даврони Истиқлолият суханрони намуданд.
Қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи муосири халқи тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши Миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт. Дар ҳар марҳилаи таърихии инкишоф артиш зина ба зина комилтар ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз ва нигаҳдории кишвар, оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Маҳз Артиши миллӣ ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошта, Истиқлолияти воқеии Тоҷикистони маҳбубро ҳифз намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нақши Артиши миллиро дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ махсусан муҳим арзёбӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар чорабини мазкур Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам доир ба нақш ва мавқеъи занон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қайд намуданд.
Дар охир Раиси суд ҳамагонро бахшида ба ин ҷашн табрику таҳният намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

