- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШ ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ВА ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ – Ғоибов Ғ.Ҷ., сармутахассиси шуъбаи муҳосиботи СОИ ҶТ

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлол буда демократия, тинҷи ва осудагӣ дар фазояш пойдор аст моро водор менамояд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ меҳани хешро ҳифзу обод намоем, чунки ин вазифа ва қарзи мо шаҳрвандони ин сарзамин аст.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода намуд, чунки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро аз худ менамоянд.

Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ зодаи даврони Истиқлолият мебошанд. Ҳамасола ҷиҳати рушду инкишоф ёфтани ин соҳаи муҳим, ки муҳофизи ҳамешагии ин марзу бум мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ базаи моддию техникии он аз сифр оғоз гардида, сол то сол он дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумату давлат таҳким ёфта, зимнан баҳри будубоши сарбозону афсарон, рушди малакаву маҳорати ҳарбию тактикии ҷузъу томҳои ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Таърихи муосири миллати тоҷик шаҳодат медиҳад, ки Артиши Миллӣ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта, баъдтар ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфт.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намудаанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.

Боиси ифтихор ва хурсандист, ки солҳои  охир  теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда, онҳо ихтиёран ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар гардида, дар қисмҳои ҳарбии минтақаҳои гуногуни мамлакат адои хизмат мекунанд. Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Инчунин, ҷавонони ҷумҳурӣ низ ҳамчун ватандорони асил ба хубӣ  эҳсос менамоянд, ки кишварамонро маҳз бояд мо ҷавонони далеру шуҷоъ ҳимоя намоем. Аз ин рӯ, меҳру муҳаббати самимӣ  нисбат ба Ватан – Модар  моро ҳушдор менамояд, ки ихтиёран  ба хизмат равем.

Ногуфта намонад, ки хизмат ба Ватан, ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанппарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарварозист, ки кормандони дастгоҳи суд низ дар ҳимояти марзу буми кишвар саҳмгузор буда, дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи қори худ дониста соли сипаришуда ду нафар кормандони дастгоҳи суд  бо ихтиёри худ дар шароити тантанавӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида айни ҳол қарзи шаҳрвандии худро адо менамоянд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш  тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ва наздикону пайвандони онҳоро табрику таҳният намуда, ба онҳо сиҳатмандии комил, умри бардавом, бахту иқболи накӯ, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти заҳматталабу некбинонаашон баҳри ояндаи дурахшони кишвари биҳиштосоямон сулҳу суботи пойдор ва барору пешравиҳои беназирро орзу менамоям.

Ғоибов Ғоиб Ҷурабоевич

Сармутахассиси шухбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо