Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001, инҷониб ҳамасола Паёмҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки он ҷанбаҳои асоси сиёсати дохиливу хориҷии давлатро барои соли минбаъда муайян менамояд.
Аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, бармеояд, ки дар соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафт. Бо мавҷуд будани ин омилҳои беруна, давлати Тоҷикистон дар панҷ соли охир, рушди иқтисодиёташро ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин намуда, маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфта буд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз намуданд, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самаранокии низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсири ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди сабз, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи нерўи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.
Саноатикунонӣ дар рушди иқтисоди миллӣ таъсири беназир гузошта, пешравии давлату миллат аз он вобастагии калон дорад. Ин нуқтаро ба назар гирифта, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, барои мардуми тоҷик ин “Саноатикунонии босуръати кишвар” ба шумор меравад. Ин ҷанбаҳоро ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми пештараашон, ки санаи 21 декабри соли 2021 баргузор гардида буд, солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карда буданд.
Дар ин раванд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дастур доданд, ки ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар самти саноати доруворӣ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ таъмин карда шавад.
Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгўи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад, ки дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Пешрафти дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд. Вале бо дастгириҳои Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои оиламон наздик мерасонанд.
Мирзозода Р.П.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон