Нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти суд дар соли 2022

Санаи 7 феврали соли 2023 дар толори Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти  соли 2022, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидааст, бо иштироки Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Нишасти матбуотиро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз намуда оид ба фаъолияти баамалбарории адолати судии судҳои иқтисодӣ дар  соли 2022 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал манзур намуданд.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи созанда баргузор гардида, намояндагони матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ саволҳои худро манзур гаронида, посухҳои дахлдор гирифтанд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу