Паём санади муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози давлат маҳсуб ёфта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, Паём ҳуҷҷати раҳнамову меҳварӣ буда, бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро мегирад ва дар заминаи он ҳадафҳои рушдро дар тамоми соҳаҳо мушаххас менамояд.
Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, мустақилона сарнавишти мардуми тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Роҳбари давлат барномаву дурнамо ва ормонҳову ҳадафҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаро барои рушди давлат ва ободии кишвар мушаххас намуда, пешкаши ҷомеа менамоянд. Боиси хушнудӣ ва сарбаландист, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте ироа гардид, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва тағйирёбии иқлим дар сайёра аз ҷониби СММ ва 153 кишвари узви он эътироф гардид. Қайд кардан ба маврид, ки ин ташаббуси беназири аҳаммияти махсусан байналмилалӣ дошта, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, онро ҳамчун кишвари иқдомкунанда дар масъалаҳои глобалӣ мешиносонад.
Бояд тазаккур дод, ки Паём раҳнамои зиндагӣ, таҳкими ободиву осоиштагӣ ва ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқиест, ки барои мустаҳкам намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҳаётӣ бахшида шудааст. Татбиқи вазифагузорӣ дар ин самт метавонад дар мустаҳкам кардани фазои ҳуқуқии давлату ҷомеа саҳми ниҳоят муҳим гузорад.
Хотирнишон кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ботадриҷ ривоҷу равнақ ёфтани кишвар, роҷеъ ба самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва ҷиҳати мукаммал намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва тақвият додани ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон ва дар ин замина таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар махсус таъкид намуда, таҳлилҳои самтҳои гуногуни кишварро дар солҳои охир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Маҳз, Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ аз дастоварду пешрафтҳои мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонад. Пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.
Чуноне дар Паём таъкид гардид: “Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд”. Яъне, дар баробари он ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми ҷанбаҳову соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои машаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуқтаҳое дарҷ гардидан, ки ба мо илҳоми тоза ва нерӯи бештар баҳри созандагиву бунёдкори мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водор месозад.
Тарбияи ватандӯстӣ дар ҷомеаи муосир ҳадафи арзишманд буда, барои баланд бардоштани эҳсоси шахсият, эҳтирому арҷгузории ӯ нисбати давлату миллат таҷассум меёбад. Аз ин хотир, ин нуқтаҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём зикр гардиданд, моро водор менамояд, ки бо эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем Ватани азизамонро обод намоем: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.” Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”. Дар ин замина инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва мардумдӯстии Пешвои миллат таҷассумгари таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва арзишҳои халқи тоҷик аст. Аз ин таъкидҳои моро зарур аст, ки боз ҳам бештар заҳмат кашему меҳнат кунем ва дар самаранокии фаъолияти худ, саҳм гузоштан дар ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, нуқтаҳои Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем.
– Дамонзода Ғ, мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси СОИ ҶТ