Санаи 30 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Иқтисодӣ маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Сули Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. саравал доир ба интизоми меҳнат таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки риояи интизоми меҳнат аз тарафи кормандондон бояд қатъи риоя карда шавад.
Сипас вобаста ба иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои суд барои нимсолаи аввали соли 2023 таъкид намуда, бобати саривақт ба иҷро расонидани талаботи бандҳои он дастур доданд.
Таъқид гардид, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
