Спитамен: Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2022

Санаи 7 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи суди олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷамшед, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода, роҳбарияти ноҳия ва фаъолон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки соли 2022 барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад, зеро давоми сол як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайвастанд, ки таҷлили 25-умин солгари Ваҳдати миллӣ, 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз асоситарини онҳост.

Дар идома муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар пайваста кӯшиш намуд, ки баҳри расидан ба ин ҳадаф ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми соли 2022 рушди соҳаи саноати ноҳия таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 596 миллиону 384,4 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 61 миллиону 585,2 ҳазор сомонӣ кам, ё ин ки ба 90,5 % баробар гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия баҳри расидан ба яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти бозори дохилӣ ва берунӣ софдилона меҳнат намуда, дар соли 2022 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 609 миллиону 921 ҳазору 800 сомонӣ, ё ин ки 101,1 % маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 6 миллиону 452 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла дар соҳаи чорводорӣ 164 миллиону 541 ҳазор 500 сомонӣ (102,1 %), растанипарварӣ 445 миллиону 380 ҳазор 300 сомонӣ (100,7 %), моҳипарварӣ 831 ҳазор сомонӣ (1,4 баробар зиёд %)-ро ташкил намуд.

Бо баррасии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҳамзамон ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти минбаъда дар назди масъулин дастуру супоришҳо вогузор гардид.

Дар охир ба як гурӯҳ фаъолони ноҳия сипоснома супорида шуд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу