- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Вохурии кормандони Суди Олии иқтисодӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ва Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода

Нимаи аввали рӯзи 10 январи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод вохурии кормандони Суди Олии иқтисодӣ – Судя Муминзода Қ.Қ., сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҳамроқулзода Б.А. ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Тоҳирзода З. бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ аз тарафи кормандони Суди Олии иқтисодӣ мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва қонунгузории соҳаи замин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Инчунин, кормандони Суди Олии иқтисодӣ ба саволҳои сокинон ҷавобҳои муфассал гардониданд.

Нимаи дуюми рӯзи 10 январи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода вохурии кормандони Суди Олии иқтисодӣ – Судя Муминзода Қ.Қ., сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҳамроқулзода Б.А. ва мутахассиси пешбари ҳамин шуъба Тоҳирзода З. бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сешанбе баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ аз тарафи кормандони Суди Олии иқтисодӣ мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва қонунгузории соҳаи замин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Инчунин, кормандони Суди Олии иқтисодӣ ба саволҳои сокинон ҷавобҳои муфассал гардониданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ