Паёмҳои солонаи роҳбари давлат навбати аввал як тадбири муҳимро барои мо шарҳу тафсир месозад, ки барҳақ дар оғози сол барномаи як соли ояндаи кишварро муқаррар карда, мақом ва ҷойгоҳи давлатро дар низоми ҷаҳонӣ ва мавқею муносибатро ба равандҳои байналмилалӣ ифода мекунад.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки барои ҷомеаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар асоси моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилаву хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Яъне, Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз моддаи мазкури Конститутсия сарчашма гирифта, ҷанбаҳои мухталифи дохилаву берунаи кишварро барои солҳои минбаъда муайян месозад.
Дар ин асно ҷиҳати амалӣ ва татбиқ намудани нақшаву вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама барои ҷоноку тақвият бахшидани сармоягузорон, дастгириву имтиёз ба соҳибкорон, сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷалб намудани кадрҳои болаёқату забондон, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва маҷмӯъ таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва маҷмӯан, дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.
Воқеан ҳам, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мазмуну моҳияти баланд дошта, дар он андешаҳои тоза, ғояҳои баландпояи пурмазмун замина ёфтааст, ки қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохиливӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Паём ҷиҳати ҷоннок намудан, тақвият ва рушд додани самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, муҳимтарин самтҳоро ба ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, таҳкимбахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, яке аз сиёсатҳои дурнигаронаву оқилонаи Ҳукуматро ин дастгириву сабукиҳо пешниҳод кардан ба соҳибкорону сармоягузорон муайян карданд ва дар тӯли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин имтиёзҳои муфиду шоиста ба соҳибкорону сармоягузорон дода шудааст.
Аз ҷумла дар Паёми навбати ироа гардида, ки: “Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад”. Маҳз , дастгирӣ, сабукӣ, имтиёз ва ташаббусҳои арзанди Пешвои миллат аст, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар чор соли охир беш 76 ҳазор зиёд гардидааст.
Дар шароити кунунии тайи солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Имсол низ бо қаноатмандӣ изҳор карда метавонем, ки роҷеъ ба ривоҷу равнақ ёфтани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии тамоми гӯшаву канори кишвар ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин Сарвари Давлат дар ин Паёми худ таъкид намуданд, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳким ва такмил дода шавад.
Ҳамин тавр, васила ва аҳаммияти ниҳоят муҳими Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ин дастуру супоришҳо, барномаву стратегияҳо ва дурнамоиҳо барои пешрафту равнақ додани кишвари азизамон нақши мубраму бориз дорад. Ин талошҳову хидматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфои зарин дарҷ хоҳад гашт ва дар шароити кунунӣ, мо тамоми кормандони ниҳодҳои давлатиро зарур аст, то дастуру ҳидоятҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии шаффофияти низоми мақомотҳои давлатӣ саҳми беандозаи худро гузорем.
Муминзода Қутбиддин,
судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон