Судҳои иқтисодӣ ҳидоятҳои Пешвои миллатро доир ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, шахсони яккаву танҳо пайгирӣ намуда, дар арафаи идҳои миллӣ ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Дар арафаи таҷлили соли нави мелодӣ бо иқдоми роҳбарияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона интернати наздимактабии ноҳияи Спитамен маводи хӯрока, аз қабили орд, гӯшт, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, ва меваҷот инчунин ба тарбиятгарон туҳфаҳои соли навӣ ба маблағи тақдим карда шуд. Инчунин ба Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маводҳои ниёзи аввал ва ба тарбиятгарони ин хона туҳфаҳои соли навӣ супорида шудааст. Ғайр аз ин, 26 декабри соли ҷорӣ ба қисми ҳарбии Ф.Саидови ноҳияи Кӯшониён №07017 маводи хӯрока аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, равған, кӯмак расонида шудааст.
Зимни аёдат аз шароити тарбиятгирандагони хона интернатҳо дидан намуда, онҳоро аз номи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат бо соли нави мелодӣ табрик намуданд.
қайд менамоем, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ



