- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маҷлиси ҳафтаинаи навбатӣ

Санаи  19 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Иқтисодӣ маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Сули Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. сараввал доир ба омодагии ҳамаҷониба барои ҷамъбасти солона, таҳия намудани ҳисоботои оморӣ, ҷамъбастиҳо, иҷроиши нақшаи чорабиниҳои суд таъкид намуданд.

Сипас дастур дода шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда,  иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.

Раиси суд ба машхсони масъул бобати иҷрои нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022, саривақт ба иҷро расонидани талаботи бандҳои он, дар муҳлатҳои муқарракардашуда баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас чамъбаст намудани сол,  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин вобаста ба интизоми меҳнат таъкид намуда, даъват ба амал оварданд, ки риояи интизоми меҳнат  аз тарафи кормандондон бояд қатъи риоя карда шавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ