Баъзан аломатҳое, ки барои ишораи мол истифода мешаванд, дар таркиби худ номҳои ҷуғрофиро дар бар мегиранд, масалан, «Панири швейтсарӣ», «Шоҳамбарӣ» ва ғайра. Чунин ишораҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе аз ишораҳои ҷуғрофӣ (аз қабили «Оби Шоҳамбарӣ») обрўи баландро касб карда, дорои арзишнокии тиҷоратии истеҳсолкунандаро ташкил дода метавонанд, зеро ин гуна ишораҳои ҷуғрофиро истеъмолкунанда на танҳо ҳамчун ишора ба ҷои истеҳсоли мол, балки чун кафолати сифати хуби маҳсулот баррасӣ мекунад. Бинобар ин, дар сурати ҳифз нанамудани ишораҳои ҷуғрофӣ обрўи маҳсулоти бо онҳо ишорашаванда халалдор карда мешавад. Истифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ аз тарафи шахсоне, ки чунин ҳуқуқро надоранд (масалан, истифодаи аломати «Шоҳамбарӣ» нисбат ба нўшокиҳое, ки аслан аз Шоҳамбарӣ нестанд), ҳам ба истеъмолкунанда ва ҳам ба истеҳсолкунандаии қонунии мол зарба мерасонад, зеро ба ҷои моли дорои хосиятҳои махсус моли қалбакиро мехаранд, истеҳсолкунандагон бошанд, зарари моддӣ мебинанд, зеро даромади онҳо аз ҳисоби ба фурўш бароварда шудани молҳои қалбакӣ кам мешавад. Асоси ишораҳои ҷуғрофӣ ин объектҳои ҷуғрофӣ мебошад, он мафҳуми расмиашро дар моддаи 1 ҚҶТ “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ” гирифтааст. Объекти ҷуғрофӣ – қаламраве, ки ҳудуди он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз он ҷумла мамлакат, минтақа ҳамчун қисми мамлакат, маҳалли аҳолинишин, мавзеъ. Аммо оид ба номгузории объектҳои ҷуғрофӣ қонуни махсуси алоҳида «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» мавҷуд аст, тибқи қонуни мазкур номгузории объектҳои ҷуғрофӣ – номҳои ба объектҳои ҷуғрофӣ додашаванда, ки барои аз якдигар фарқ кардану шинохтани онҳо хизмат мекунанд.
Номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос намуда, чун қоида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи муқаррарӣ ба низоми амалкунандаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дохил шавад. Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар доираи як воҳиди марзиву маъмурӣ манъ аст.
КГҶТ ба сифати воситаҳои дигари фардикунонӣ номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолиро пешбинӣ мекунад. Аслан ин объектҳо ишораҳои ҷуғрофӣ мебошанд, мувофиқи моддаи 1 ҚҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» яъне аломате мебошанд, ки молро ҳамчун аз қаламрави кишвар ё минтақа ва ё маҳал дар ин қаламрав баромада ҳаммонанд мекунад, ки дар он сифат, шуҳрат ва тавсифҳои дигари муайяни мол то андозаи муҳим бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Мафҳуми ишораи ҷуғрофӣ аз мафҳумҳои номи ҷойи пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад. Мафҳуми мазкур дар қонунгузории Тоҷикистон дар иртибот бо воридшавии ҶТ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пешбинӣ гардид. Дар Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС) мафҳуми расмии «ишораҳои ҷуғрофӣ» мавҷуд аст.
Мақсад аз танзими ҳуқуқии ишораҳои ҷуғрофӣ дар бартараф намудани истифодаи аломатҳои гуногуне, ки ҷамъиятро нисбат ба баромади аслии мол гумроҳ мекунад, иборат мебошад. Чунин ишораҳо ҳануз аз замони қадим истифода шуда, навъи ибтидоии тамғаи молӣ буданд. Аз эҷодиёти ниёгон низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки молҳо вобаста ба маҳалли баромад шуҳрат доштаанд. Порчае аз ҳикояти Саъдии Шерозӣ (аз суханони бозаргоне): «…Гугирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин аз форс, ки шунидаам (дар он ҷо) қимати азим дорад ва он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои (шоҳии) румӣ ба Ҳинд; пулоди ҳиндӣ ба Ҳалаб ва обгинаи (шишаи) ҳалабӣ ба Яман ва бурди яманӣ (номи матое) ба Порс ва аз он пас тарки сафар кунам ва ба дуконе бинишинам».
Имрўз низ мутахассисон мансуб донистани номи маҳалли истеҳсоли молро ба объектҳои моликияти зеҳнӣ маҳз дар функсияи асосии он – функсияи тафовутгузории молҳои якхела, ки дороӣ хосияти хоси баромад аз объектҳои гуногуни ҷуғрофӣ мебошанд, мебинанд. Функсияи мазкур мисли функсияи тамғаҳои молӣ мебошад. Дар баробари ин, алоқамандӣ ба объекти муайяни ҷуғрофӣ низ ифода карда мешавад.
Мувофиқи марказии иттилоотии Лиссабон Экспресс ва махзани иттилоотии байналмилалии воситаҳои фардикунонии мол, кор ва хизматрасонӣ то соли ҷорӣ дар ҷаҳон 24 940 000 файли миллию байналхалқӣ нисбат ба бақайдгирии тамғаи молӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишона дахл дорад. 52 210 000 ҳуҷҷатҳои патентии миллию байналхалқӣ мавҷуд аст. 1 540 000 намунаҳои саноатӣ, ки дар доираи низоми Гаага аз ҳисоби фонди давлатҳои аъзо сохта шудаанд бақайд гирифта шудааст. Дар баъзе адабиёт мафҳуми ишораҳои ҷуғрофиро ба ҷои номи маҳалли истеҳсоли мол истифода менамоянд. Дар бисёр мавридҳо зери мафҳуми ишораҳои ҷуғрофӣ номи маҳалли истеҳсоли мол истифода мегардад, аз он ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ одатан сифат доранд, ки оиди ҷои муайяне, ки истеҳсол ва дорои факторҳои маҳаллӣ мебошанд ба монанди хок ва боду ҳавои онҳо вобаста аст.
Чойи непалӣ, панири швейтсарӣ, рокфори (номи панир), шампани фаронсавӣ, винои гурҷӣ, шафтолуи пекинӣ (калонтари хоҷагии шафтолу дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дар шимоли Пекин, ҶХЧ ҷойгир буда дар он 150 000 нафар кору фаъолият менамоянд) – ишораҳои ҷуғрофӣ ва ҷойи пайдоиши мол хусусияти умумиро ба худ касб намудааст.
Дар маҷмуъ, истифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ на танҳо ташкилоти тиҷоратии истеҳсолкунандаро номвар менамоянд, балки онҳо қиммати волои маҳал инчунин ҳамчун хабардиҳанда ва ҷалбкунандаи истеъмолкунанда ва соҳибкорон мебошанд.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд
Эмомализода Навруз
Напечатать страницу