Дар вазъияти афзоиши доимии шумораи муҳоҷирон, ки дар тамоми рӯи олам доман паҳн намудааст, 4-уми декабри соли 2000 Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 18-уми декабрро рӯзи нақш ва саҳми муҳоҷирон дар тараққиёти ҷомеа (қатъномаи 55/93) эълон намуд. Зеро, дар ин рӯз, қаблан соли 1990, Маҷмааи кулли СММ Паймон (Конвенсия)-и байналмилалӣ оид ба ҳимои ҳуқуқи тамоми меҳнаткашон – муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намудааст.
Муҳоҷират – ин зуҳуроти ҷаҳонишавие мебошад, ки дар натиҷаи якчанд омилҳо ба миён меояд. Сабаби асосии он ҷиду ҷаҳди инсон ҷиҳати ноил шудан ба ҳаёти шоиста, бехавф ва осуда мебошад. Қарор дар бораи тарк кардани манзили худ – ин ҳамеша чораи ниҳоӣ буда, аксар вақт маънои оғози оворагии доимии хатарнок ва баъзан марговарро дорад.
Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон тақрибан ба 300 миллион нафар расида, тибқи пешгӯии СБМ ин рақам то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад.
Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ҳамасола 18 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад. Ҳадафи он табодули афкори мардум дар бораи масоили марбут ба озодӣ, кор ва ҳуқуқи башари муҳоҷирони корӣ, таъмини амнияти муҳоҷирони корӣ ва омода кардани нақшаи чорабиниҳо барои оянда, баланд бардоштани огаҳӣ дар бораи мушкилот ва мушкилоти муҳоҷирони байналмилалӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти Агентии Муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид, муҳоҷир шахсест, ки аз маҳалли зисти худ тавассути сарҳади байналмилалӣ ё дар дохили кишвар ба таври ихтиёрӣ ва ё бо сабаби дигар кӯчидааст. Аксари муҳоҷирон дар қитъаи Аврупо (76 миллион нафар) ва дар қитъаи Осиё (75 миллион нафар) кору истиқомат менамоянд.
«Дар ин Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон мо бояд бори дигар изҳороти худро дар бораи пайравӣ аз ҳимояи қариб 300 миллион нафар муҳоҷирон дар тамоми ҷаҳон арз намуда, тамоми талошҳои худро барои таъмини риояи ҳуқуқҳои ҷудонопазири онҳо, ки бо сабаби бӯҳронҳои гуногуне, ки дунёро ба коми худ кашида, таҳти хатар қарор гирифтаанд, равона намоем». Одрэ Азулэ – Роҳбари кулли ЮНЕСКО (Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг), ки дар шаҳри Париж ҷойгир мебошад.
«Дар хотир доред, ҳамеша дар хотир доред, ки ҳамаи мо ва махсусан шумо ва ман, аз муҳоҷирон ва инқилобчиён ҳастем».
Франклин Делано Рузвелт – 32-юмин Президенти ИМА
«Муҳоҷират ифодаи саъю кӯшиши инсон ба шаъну шараф, амният ва ояндаи беҳтар аст. Ин як қисми сохтори иҷтимоӣ, як қисми таркибии мо ҳамчун як оилаи инсонӣ мебошад».
Пан Ги Мун – собиқ Дабири кулли СММ
«Мо наметавонем одамонеро, ки барои ҷони худ фирор мекунанд, боздорем. Онҳо хоҳанд омад. Интихоби мо ин аст, ки мо омадани онҳоро то чӣ андоза хуб идора мекунем ва то чӣ андоза инсондӯстона рафтор мекунем.»
Антонио Гутерриш – Дабири кулли СММ
Маводи мазкур аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодӣ Раҳматулло Камолзода таҳия гардидааст
Напечатать страницу