- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Камолзода Раҳматулло – Судяи СОИ ҶТ, 10-уми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон

Рӯзи ҳуқуқи  инсон 10-уми декабр ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз,  соли 1948,  Маҷмааи кулли Созмони Миллали Муттаҳид  (СММ) дар шаҳри Парижи Фаронса Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро, ки ҳуҷҷати сарнавиштсози даврон мебошад, қабул намуда буд. Дар он тамоми ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсон, новобаста аз нажод, ранги  пӯст, ҷинс, забон, мансубияти динӣ, миллӣ ва иҷтимоӣ, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, ҳолати молиявӣ ва ғайра эътироф карда шудааст.

Нахустин  бор  Рӯзи ҳуқуқи инсон аз соли 1950 инҷониб, баъд аз он ки Маҷмааи  кулли СММ  қатъномаи № 423 (V)-ро қабул намуд, таҷлил мегардад. СММ тавассути ин ҳуҷҷат тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои манфиатдорро даъват намуд, ки рӯзи 10-уми декабри ҳар солро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гиранд.

Эъломияи мазкур нисбат ба дигар ҳуҷҷатҳо бештар тарҷума карда шудааст: матни он ба бештар аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр гардидааст.

Эъломия аз дебоҷа ва 30 модда иборат буда, он ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро, ки одамон дар нуқтаҳои гуногуни олам эътироф менамояд. Ин ҳуқуқҳо новобаста аз ҳолати шаҳрвандӣ, маҳалли истиқомат, ҷинс, мансубияти миллӣ ва этникӣ, дин, забон ва дигар ҳолатҳо кафолат дода шудаанд. Дар дебочаи Эъломия қайд карда шудааст, ки  «эътирофи шаън ба тамоми аъзои оилаи инсоният хос  буда, ҳуқуқҳои баробару ҷудонопазири онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи  умумиҷаҳонӣ мебошад».

Имрӯз эътирофи умумии Эъломия аз ҷониби ҳамаи давлатҳо – аъзои Созмони Миллали Муттаҳид  эътибори ин санади байналмилалиро баланд бардошта, муҳим будани ҳуқуқи инсонро дар ҳаёти мо қайд менамояд. Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Маъмурияти он  дар танзими саъю кӯшиш оид ба таҷлили ҳарсолаи Рӯзи ҳуқуқи инсон нақши муҳим мебозанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад. Ба ин муносибат ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ки дар он барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро дар бар гирад. Тибқи Эъломия, сарфи назар аз хусусиятҳои номбаршуда, тамоми инсонҳо бояд аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бархурдор бошанд. Ҳарчанд cанади мазкур хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, он дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли инсоният ҳамчун санади муътабар эътироф гардида ва қариб 75 сол мебошад, ки ба аҳолии олам хизмат мекунад. Дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони миллати тоҷик низ баръало таҷассум ёфтааст. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод, Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломӣ хамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки онҳо ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон зикр гардидаанд.

Дар асоси Эъломия якчанд санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардиданд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Аз ҷумла, ду Паймони байналмилалӣ – «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва «Паймон дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки ба ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Ин паймонҳо 16-уми декабри соли 1966 аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдро ба анҷом расонид. Дар он ҳамчун раҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст.
Тибқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишварамон ба шумор меравад.

Соли 2009 бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон, тақвияти робита ва ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст. Ин падида аз кӯшишу амалҳои хастанопазири бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як узви ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагонии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа, мақсади олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати кишвар тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри амалӣ намудани ин мақсади олӣ сарф менамояд». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ин нуктаро таъкид менамояд ва тадбирҳои зарурӣ барои расидан ба ин мақсади олӣ андешида мешаванд.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Камолзода