- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Судяи СОИ ҶТ, Мирзозода П.Т. – ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди филизиеро (оҳанин) пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин калима ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, Хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро аз сари мо рафъ соз. Шайх гуфт, ки ин балои бузург аст ва рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони муғул чун ба Хоразм пирӯз шаванд турову муридони туро амон нахоҳанд дод. Шайх Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи мардум будам, дареғам ояд, ки дар рӯзи сахти мардум аз Хоразм берун равам.

Чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул бархост. Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози муғул ба душворӣ панҷаи Шайхи шаҳидро боз карда, парчами худро берун оварданд. Аз он, ки Мавлоно мегӯяд: Дар дасти дигар парчами кофар дорем, ишора ба ҳамин парчами муғул аст.

Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи Дирафш ё Дирафши Ковиёнӣ истифода кардаанд.  Дирафши Ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд.  Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши Ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами мубориза ба бедодӣ қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмрони Сосониён  Яздигурди 3, вуҷуд дошт ва пас аз ҷанги Эрониён бо Арабҳо дар Қодисия ба дасти сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ғанимат афтод ва Саъди Ваққос ин ғаниматро ба Халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод. Халифа Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.

Дар “Шоҳнома”-и Фирдавси дар ҷое Дирафш ё ливо дар шакли чарминаи муқаррари (Дирафши Ковиён) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати говазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки Дирафшҳои ёдшуда дар “Авесто” монанд ба “Дирафши Ковиёнӣ” будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Ин нуқтаро Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ чунин тасвир кардааст:

 

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,      Биёрост онро ба дебои Рум,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,              Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,       Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…         Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Чу он пӯст бар найза – бар дид кай,        Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.                 Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дурафш”.

 

Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз метавонем парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ диҳем:

-Дирафши ковиёнӣ

-Штандарти империяи Ҳахоманишӣ

-Дирафши давлати Ашкониён

-Дирафши давлати Сосониён

-Дирафши давлати Сомониён

-Дирафши суслолаи Ғӯриён

-Парчами Аморати Бухоро

-Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Аврупо чунин парчамҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо чудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва гайра.

Парчами давлатӣ барои ҳама умуми маҳсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба роҳбари давлат низ дарҷ карда мешуд.

Парчами ҳарби бошад, хос барои ҳар як воҳиди ҳарби буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том инъикос меёфт. Зарурат ба чунин ливо дар ҳолате ба вуҷуд меомаданд, ки сарҳади давлатӣ ва ё майдонии ҳарб васеъ мешуд.

Парчами динӣ дар маросимҳо ва ҳам дар корҳои ҳарби истифода мешуд. Мисоли ин дар шуришҳои салибӣ зоҳир мешавад. Ритсарҳо баҳри забти Байтулмуқаддас таҳти Парчами калисои католикӣ ва ливои давлатҳо ва князигариҳо ҳамла овардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихи шонздаҳумин Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар  Қасри арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, пазируфта шуда, рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчам вобаста ба он ки чи “хизмат”-ро адо мекунад, метавонад андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуқтаи баланд насб карда мешавад. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамои ва ҷудокунӣ, парчам акун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзиши ва шахсӣ истифода мешавад.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ парчами баландтарин дар ҷаҳон ( бо баландии 165 метр) дар шаҳри Душанбе бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, гуфтанд:

“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.

 Суди Олии иқӣтсодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Парвиз Таваккал