- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Мирзозода Рустам Пираҳмад Раиси СОИ ҶТ – Парчами давлатӣ – рамзи ҳастӣ ва асолати миллӣ

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи ҳастии давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд, ҳаст ва мемонад. Давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дошта, аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ҳастӣ, ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шудааст. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи заррин-мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд.

Чунончӣ, дар «Шоҳнома» омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштаанд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат буд ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Таърихи башарӣ шаҳодати он аст, ки халқҳои гуногуни ҷаҳон дар қатори дигар муқадассоти миллии худ, Парчами миллиашонро бо арҷгузории хоса ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ қадрдонӣ намуда, ба мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Хушбахтона ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 сол муқаддам дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид ва он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон бо дарки аҳамият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Парчами давлатӣ қабул карда шуд. Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он мебошад.

Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад ва мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Маҳз Парчами давлатӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, халқи Тоҷикистон ва давлати навини тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Боиси ифтихор аст, парчаме, ки дар маркази пойтахти кишвар қомат афрохтааст, дар китоби рекордии Гиннес ворид гардидааст. Ин омил аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ шаҳодат медиҳад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгузин гардидааст, ки ин, бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад, ки айни ҳол Тоҷикистон бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Боиси ифтихори умумимиллӣ аст, ки зимни сафарҳои расмии Президенти мамлакат дар кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ватани мо дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қадрдонӣ мегардад.

Ҳангоми ба даст овардани ғалабаи варзишгарони тоҷик, ҳамчун эҳтиром ба давлату миллат, Суруди миллӣ садо медиҳад ва Парчами миллӣ парафшон мегардад, ки аз арҷгузорӣ ба мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Халқи Тоҷикистон ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ, инчунин ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

Парчами миллӣ барои намояндагони ҳокимияти судӣ низ аҳамият ва ҷойгоҳи хос дорад. Зеро бо муайян гардидани принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия рукни мустақили давлатӣ эътироф гардид, ки самти асосии фаъолияти он аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, корхона муассиса ва ташиклоту идораҳо, инчунин таъмини волоияти қонуну адолати судӣ иборат мебошад.

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро менамоям, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда,  адолати  судиро амалӣ менамоям».

Мувофиқи сархатҳои 3 ва 4 моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар утоқҳои раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба таври доимӣ афрохта мешавад.

Меъёри мазкур масъулияти судяҳоро боз ҳам баланд бардошта, барои бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо таъмин намудани адолати судӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин тибқи моддаи 2 Қонуни болозикр Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ менамояд ва мувофиқи моддаи 3-и он тартиби тайёр кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 декабри соли 2011 №659 тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи фасли 2-и он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз андозаи он тибқи талаботе, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, тайёр карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, мутобиқи моддаи 4831 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардида, барои ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҳамзамон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои он ҷазои ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол пешбинӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ҳангоми истифода, тайёр кардан, афрохтан ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро ба таври қатъи риоя намуда, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем ва эҳтироми волои онро ба ҷой орем.

Бо назардошти дар аркони давлатдорӣ нақши ниҳоят пуршараф доштани Парчами давлатӣ, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамсола дар сартосари кишвар 24 ноябр, Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта мешавад.

Хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон ифтихор аз гузашта ва фардои халқ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, рамзи ҳастӣ, асолати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон ба ҳисоб меравад.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик дар пайрави аз сиёсати оқилона, сулҳҷуёна ва муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан, миллат ва ба Пешвои муаззами миллат барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунем.

Дар фарҷоми сухан ҳаминро қайд мекунам, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик таҷассумгари озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат, муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр буда, орзумандам, ки то абад парафшон бошад.

Бо фарорасии ин ҷашни миллӣ ба хонадони ҳар яки халқи Тоҷикистон фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо, нуру зиё ва гулгулшукуфоию парафшонии ҷовидонаи Парчами давлатии Тоҷикистонро орзу менамоям.