- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Конститутсия – ҳуҷҷати расмии бунёдгузори давлат ва муаррифгари миллат – Мирзозода Р.П., Раиси СОИ ҶТ

Нақши созандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».

Маҳз дар заминаи суханҳои бунёдии Президенти мамлакат гуфтан мумкин аст, ки Конститутсия ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсози роҳнамои миллат ва санади бунёди сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Конститутсияи кишвар, ки маҳз бо талошу заҳмати халқи ватани азизамон қабул ва боис гардид, ки Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Мутобиқи моддаи 6 Конститутсияи ҶТ ифодаи олии иродаи бевоситаи халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот мебошад. Ба воситаи интихобот  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии халқӣ, вакилони ҷамоатҳо аз тарафи шаҳрвандон (интихобкунандагон)  ба вазифаҳояшон интихоб карда мешаванд.

Интихобот яке аз зуҳуроти асосии ҷомеаи навин мебошад ва ифодагари  давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Дар замини тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти касбии дорои ду палатаи мустақил таъсис дода шудааст, ки яке аз комёбиҳои бузурги давлатсозии мо дар давраи истиқлолият ва амали Конститутсияи ҶТ мебошад.

Дар баробари интихобот раъйпурсӣ низ яке аз шаклҳои асосии иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҳаёти сиёсӣ мебошад.

Раъйпурсӣ ин чунин маъракаи сиёсӣ-ҳуқуқие мебошад, ки баҳри масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлатӣ ва ҷамъияти гузаронида мешавад. Дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ раъйпурсӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва чор маротиба ин маъракаи сиёсӣ гузаронида шудааст. Нахуст бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи райпурсии умумихалқи қабул гардидани Конститутсия ва се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо мебошад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз ҷониби халқ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 дорои аҳамияти хеле муҳим буда, мазмуни онро ба талаботи замон наздик гардонида, заминаҳои конститутсионии пешрафту устувории давлатдории навини кишварро гузоштанд.

Бешубҳа, то ин дам низ мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 шакли идораи ҷумҳурӣ перзидентӣ буд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2016 ба меъёри моддаи 1 Конститутсия дар хусуси шакли идораи Тоҷикистон мушаххас гардида, қисми дуюми моддаи мазкур муқаррар менамояд, ки «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».

Дар маҷмӯъ, дар муддати 28 соли амали Конститутсия сохтор, меъёрҳо ва механизмҳои давлати мустақили миллӣ ва низоми демократии сиёсии он ташаккул ёфтанд ва таҳким меёбанд. Мо ба сӯйи ҷомеаи навин – давлати демократӣ ва пешрафта бо сатҳи шоистаи зиндагӣ ва камоли инсонӣ устуворона пеш меравем. Моро дар ин роҳ панди ниёгон ва нерӯи азими халқи шарифи кишварамон мададгор аст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон ба сифати созмони сиёсии муташаккил ва қудратманд қодир аст тамоми самтҳои фаъолияти худро, ки Конститутсия муайян намудааст, иҷро намояд. Аз он ҷое, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, ки риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст.

Дар воқеъ ҷомеае, ки волоияти Конститутсия, қонунҳо ва тартибу низомро ба сифати омили муайянкунандаи ҳаёташ мепазирад, дар он рушду тараққиёт таъмин мегардад. Бунёди чунин ҷомеа маҳз бо ҷидду ҷаҳд, кӯшишу талошҳои инсони озод ва созанда алоқаманд мебошад. Бинобар ин Конститутсия ба сифати санади муқаддас, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеа мавриди дарку ҳазм ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст, минбаъд ҳам ин раванд бояд идома ёбад. Конститутсия, ки дар асл бунёдгузори давлат, муаррифгари миллат, санади тақдирсоз ва муайянкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад. Барои ноил шуданамон ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарор дошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад