Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо нерӯҳои халқӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанд қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.
Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев баргузор гардид, ки ба давлати имрӯзаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол санги асос гузошт.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI – Шурои Олӣ дар он буд, ки мамлакати порагаштаи дар ҳолати нестшавӣ бударо дигарбора бо ҳам оварда, намояндагони халқро сари мизи мудаввар ҷамъ оварда, баҳри ояндаи халқу миллати худ андешаи солимро пеша намоянд.
Аҳамияти дигари таърихии ин Иҷлосияи тақдирсоз дар он буд, ки дар ин иҷлосия бори нахуст гурӯҳҳои мухолифи минтақаҳои даргирифта, даъват карда шуда, мақсаду мароми онҳо шунида шуда, масъалаи ҳарчӣ тезтар аз баён бурдани низои дохилӣ ва бо ҳам оштигаронидани роҳбарони гурӯҳҳои бо ҳам муқобилро дар ин иҷлосия мавриди музокира қарор дода шуд.
Дар иҷлосия боварии намояндагони мардумиро ба ояндаи неки кишварамон зиёда гардонида, ба мардум умеди баргардонидани гурезагонро аз кишварҳои ҳамсоя эътимод бахшиданд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосия дар он буд, ки умеди мардуми сарсону пароканда танҳо ба роҳбари одилу ғамхори кишвар, фарзона фарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буданд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам” Тоҷикистон ватани тамоми тоҷику Тоҷикистониён, “Ман то як тоҷики бурунмарзиро ба ватан барнагардонам худро осуда ҳис намекунам”.
Дар Иҷлосияи таърихӣ ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд.
Бо туфайли Иҷлосияи таърихӣ дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.
Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ дар вазифаҳои худ бомасъулият ва дурандешона амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти бйналмилалидошта шароит фароҳам овард, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохт, боиси Ваҳдати воқеии халқи тоҷик гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем.