Маҷлиси ҳафтаинаи суд

Имруз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Иқтисодӣ маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Раиси Сули Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. сараввал вобаста ба интизоми меҳнат таъкид намуда, таъват ба амал оварданд, ки риояи интизоми меҳнат  аз тарафи кормандондон бояд қатъи риоя карда шавад.

Дар идомаи маҷлис дастур дода шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда,  иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.

Ҳамчунин бобати ҳамкори бо иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судии қабулгардида таъкид карда шуд.

Раиси суд ба машхсони масъул бобати иҷрои нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022, саривақт ба иҷро расонидани талаботи бандҳои он, дар муҳлатҳои муқарракардашуда баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва бо нишондиҳандаҳои назаррас чамъбаст намудани сол,  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу