- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Шукри истиқлол мегўем мо – Мадина Қурбонова, ёрдамчии судя

Бо зуҳури Истиқлол, чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омадааст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву сафоро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо сохт.

Истиқлол чун олитарин падидаи пурфайзу пурсаховат ба кишвари мо-тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Миллати меҳмоннавозамон қудуми мубораки ин рўйдодро воло ҳисобида, ба хубӣ пазируфт. Ҳарчанд бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихиро накарда, миллати баруманди моро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрону, тифлонро бесаробон гардонида бошанд ҳам, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро, ин миллатро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Президенти Тоҷикистони азиз, Эмомалӣ Рахмон рохбаладӣ мекунад. Бо мурури замон ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштанду, давлат ором, миллат дилшод гардид.

Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат, имрўз Тоҷикистонро дигар мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дўстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлол аст.

Имрўз, миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли миллӣ ҳамачониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекўшад. Миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихор аз дастовардҳои бемислу монанди Истиқлол, чун иншоотҳои бузурги кишвар, аз қабили сохтмонҳои НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, роҳи нақлиётгарди Бадахшон, Нақби Истиқлол, Роҳи оҳани Хатлону Кўлоб ифтихор дорад.

Яке аз рўйдоди муҳими мамлакатамон дар даврони Истиқлоли кишварамон, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули аввалин  Конститутсияи Тоҷикистони мустақил мебошад. Конститутсия мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошт, ки ин аз бунёди давлати демократӣ,  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тавр, тавассути Истиқлол, Тоҷикистон тоҷикони ҷахонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрўз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки Истиқлол аст, ки зимнан Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад. Мо бояд аз тоҷик буданамон биболему, барои боз ҳам волотар гардидани миллатамон кўшишу ғайрат намоем.

Ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова М.П.