- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Cафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳури хабар дод, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои мулоқот ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёсӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тамоми мардуми туркманро ба ин рӯйдодҳи муҳими варзишӣ табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ингуна чорабинии муҳташами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад ва умед аст, ки он ба рушди соҳаи варзиш ва оммавияти бештари он дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин самт кишварҳо имконоти зиёд доранд, ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҷиҳатҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишварро соҳахои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва соҳаи турзим дар бар мегирад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Туркманистон имрӯз имконот ва лоиҳаҳои зиёдеро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика доранд.

Дар ҳамин замина аз сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.

Дар мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кори дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн мулоқот намуданд.

Мо аз раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ изҳори қаноатманди менамоем, таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки сатҳи имрӯзаи эътимоду ҳамдастии ду давлат барои таҳкими бештари равобити ҳасана ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард.

Азму ниятҳои муштарак барои дар оянда афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва тақвияти кори Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гуруҳи муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор таъкид карда шуд.

Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу нақлиёт, энергетика бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ, саноати коркарди маъданиҳои куҳӣ, кишоварзӣ, амнияту мудофиа ва фарҳанг омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.