26 октябри соли равон дар толори Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати таҷлили иди касбӣ-Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ба кори ҷамъомад ҳусни оғоз бахшида, ҳузури ҳозиринро ба ҳамоиш хайрамақдам гуфта, таҳният намуданд. Инчунин табрикоти як қарор корхонаву муасисаҳои давлатӣ, ки бахшида ба ин ҷашнӣ касбӣ ба унвони Суди Олии иқтисодӣ ворид гардида буд аз ҷониби Мирзозода Р.П. ба саҳми кормандони суд расонида шуд.
Дар дар ҷамъомад қайд гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ таҷлил карда мешавад.
Тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Бо дастгирии пайвастаи асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа сол то сол таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ-инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муасисаҳо, волоияти қонун таъмин менамояд ва дар баробари дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзанда дорад.
Дар анҷоми ҷамъомад яқ қатор судяҳо ва кормандон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсону шаҳрванд, барқарор кардани адолати судӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо “Ифтихорномаи фахрӣ” ва “Ифтихорнома”- и Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кормандони дастгоҳ бо рутбаҳои навбатии тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ






