- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сокинони ҷамоати Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рудакӣ фаҳмонида дода шуд

Имрӯзҳо   бо мақсади  тарғибу ташвиқ, аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар  қонунгузорӣ  судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ба тамоми  минтақаҳои   ҷумҳурӣ  сафар намуда   бо аҳолии кишвар вохӯриву суҳбатҳои озод ташкил намуда истодаанд.

Имрӯз, Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикитон Ҷалолиддин Азизӣ дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Судяи суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Раҳматулло дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рудакӣ бо ҳайати гуруҳи корӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри ба сокинони ин ҷамоатҳо фаҳмонда додани моҳият ва нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯриву суҳбатҳои озод гузарониданд.

Дар баромадҳоии худ бо аҳли ҷамоатчигии  он маҳалҳо қайд намуданд, ки   қонуни миллӣ тавонист дар даҳ соли  амали худ то  андозаи муайян дар зиндагии мардум сарфакориро ҷорӣ намуда, дар самти камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо роҳнамо шавад. Амалишавии Қонуни  мазкур дар давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафтааст. Тағйиру иловаҳои навбатӣ низ ба манфиати аҳолӣ нигаронида шуда, дар асоси талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор амалӣ карда шудаанд. Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошанд. Он хурофоте, ки бо мурури замон ба анъанаҳои мардумии бархе аз минтақаҳои мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуда, тағйироти иловашуда танҳо ба манфиати буҷаи оилавии ҳар як сокини кишвар равона карда шудаанд ва қайд намуданд, ки «Тағйиротҳои  пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия шудаанд, ки он чанде қабл аз ҷониби мақомоти қонунгузории кишвар баъди баррасӣ ҳукми расмӣ гирифт».

Инчунин дар мулоқот зикр шуд, ки ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим, пеш аз ҳама, пешгирии зиёдаравӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста барои онҳо мебошад.