Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис шикояти назоратии намояндаи ваколатдори ҶДММ “Архидея Консалтинг”, шикояти назоратии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , шикояти назоратии саҳҳоми ҶСП “Тоҷи заррин” Зайнединов Ш.Н., шикояти назоратии намояндаи ваколатдори Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Деваштич Саъдуллоев Б., эътироз нисбат ба ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 11 июни соли 2020 ва Қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 18 августи соли 2020, шикояти хусусии судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода С.С., шикояти назоратии Раҷабов Рамазон нисбати қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 15 апрели соли 2021, шикояти назоратии Сардори Корхонаи фаръии “Пойгоҳи Локомотивии минтақаи Суғд” Шарипов К.Р. ва шикояти назоратии Ашӯров Ҷамшед Абдуаҳатович дар шахсияти намояндаи ваколатдор – Бобошеров У.А. мавриди барраси қарор дода шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ


