Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинари машғулияти, ки бо иштироки роҳбарият ва судяҳо баргузор гардид, дар мавзуъҳои “Супориши судӣ ва тартиби иҷрои он тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилаӣ ва конунгузории миллӣ” – судяи Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М ва “Хусусиятҳои хоси мрофиаи судӣ оид ба панвандаҳои муфлисшавӣ, тартиб ва муҳлати баррасии онҳо” – муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М мавриди омузиш карор дода шуда сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардиданд.
Семинари машғулиятии кормандони дастгоҳ, низ тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, дар он мавзуъҳои семинар муҳокимаронӣ карда шудааст.
Қайд менамоем, ки машғулиятҳои семинарӣ тибқи Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022 ба роҳ монда шуда он бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ


