- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ПАЙВАНДГАРИ ҚАРНҲО – Раҷабзода Парвина, судяи СОИ ҶТ

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҳз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу инкишофи забони модарии худ ҷоннисориҳо ва сарсупурдагӣ зоҳир карда, ба тадбирҳои пайвастаашон забони аслии хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровардаанд. Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад.

Мувофиқи маълумоти созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО забони форсӣ-тоҷикӣ ба қатори забонҳои маъмулу сернуфуз дохил мешавад ва бо ин забон зиёда аз 160 миллион нафар гуфтугӯй мекунанд. Барои зиёда аз 30 миллион нафар мардуми ғайри форсу тоҷик забони форсӣ забони дуюми модариашон шуморида мешавад, ки ба ин қабил туркҳо, курдҳо, балуҷҳо, ҳазораҳо, урдуҳо, паштуҳо ва ғайра шомил мебошанд.

Аз ин рӯ, равшанфикрони ҷумҳурӣ барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми забони давлатӣ ҳамаҷониба саъйю кӯшиш менамуданд. Дар конфронси ҷумҳуриявие, ки соли 1988 барпо гардида, ба забон ва ҳусни баён бахшида шуда буд, баҳси доманадоре ба амал омада, масъалаи дар боло зикргардида мавриди муҳокимарониҳои иштирокчиёни он гардид. Бори дигар суханони Садриддин Айнӣ ёдовар шуд, ки дар солҳои бистуми қарни ХХ навишта буд: “Касе, ки бо адабиёти кӯҳна ва нави форсӣ ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубӣ медонад, ки дар миёни онҳо фарқи асосӣ нест”.

Қобили зикр аст, ки арбоби намоёни миллат, академики Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, сарвари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи номбурда, Бобоҷон Ғафуров борҳо таъкид кардааст, ки «суханворони тоҷик бояд ба забоне нависанд, ки асарашонро ҷомеаи форсизабонони Шарқ хонда фаҳмида тавонанд. Аз олимон низ ман ҳамингуна дархост дорам,- давом додааст ӯ, ки барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ ба тоҷикӣ ба рӯҳияи ҳозиразамон китобҳои дарсӣ нависанд, ҳамон тарзе нависанд, ки барои ҳамзабонони ҳамсоя низ ба кор ояд”.

Иқдоми равшанфикрони миллат оид ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва бо ҳамин васила ҳифз намудани забони модарӣ ҳамовозии гарму ҷӯшони шаҳрвандони ҷумҳуриро ба вуҷуд овард. Бояд зикр кард, ки  қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид.

Албатта барои қабул шудани  ин қонун корҳои зиёде ҳамон вақт анҷом гирифт, яъне вақте, ки дар саҳифаҳои матбуоту радио ва телевизион ҳамарӯза муҳокимаи ин қонун идома меёфт ва дар Маҷлиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъ, бо баҳсҳои мухталиф баррасӣ гардид. Ниҳоят, вақте ки 22 июли соли 1989 ин қонун қабул гардид, ин рӯз дар Тоҷикистон як воқеаи бисёр муҳими таърихӣ  ҳисоб гардид ва аз тарафи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Рӯзи забон эълон гардид. Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар соли 1998 ҳангоми мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: “Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз  ёфт”.

Он меъёрҳо ва унсурҳое, ки дар қонуни мазкур ҷой дода шуда буданд, имрӯз ба таври куллӣ тақрибан иҷро шудаанд ва бинобар ин, зарурияти такмил ва таҳрири ин қонун ба миён омад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз баррасиҳои тӯлонӣ ниҳоят рӯзи 1 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, 3 октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдорӣ гардида, сипас 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидааст. Ин рӯйдоди муҳим марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ 22 июли соли 1989 қабул гардида буд, ҷамъбаст намуд. Албатта ин марҳилаи рушду инкишофи  забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳқиқу баррасиҳои амиқи илмиро мехоҳад. Вале бо итминони комил метавон гуфт, ки  Қонуни забон рисолати таърихии худро иҷро кард ва барои ба забони давлатӣ табдил ёфтани забони модариамон хидмати бузургеро анҷом дод.

Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Забон ин пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин, дар шароити имрӯза забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи  ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Акнун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавре аз ном ва моҳияти он ҳувайдост “…вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим менамояд”. Дар Қонуни мазкур масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, риояи ҳатмии меъёрҳои забони адабӣ ва бисёре аз масъалаҳои муҳими дигар, ки барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар солҳои оянда пояҳои ҳуқуқии бунёдӣ таъмин менамояд, дарҷ шудааст. Моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст, ба ин масъалаҳо бахшида шуда, моҳиятан онро мушаххас кардааст, ки дар Қонуни пешин дида намешуд. Мутобиқи қисми сеюми ин модда “Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.”

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи фарзанди барӯманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт.

Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад. Ҳеҷ набояд фаромӯш кард, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, сарчашмаест, ки инсонро ба асолати  миллӣ  пайванд медиҳад.

Судя Раҷабзода П.Ш.

Ёрдамчии судя Назарова М.