- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Шанбегӣ дар суд

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, кормандони дастгоҳи суд  шанбегӣ баргузор гардид.

Мақсад аз гузаронидани ин шанбегӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 5 октябр – Рӯзи  забонӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар шанбегӣ кормандон бо таври дастаҷамъона гирду атрофи бинои суд, майдони дарахтон ва гулҳои ороиширо аз баргу хазонҳо тоза ва гирду атрофи дарахтон ва гулҳои ороиширо нарм намуда, ҳамчунин корҳои тозагӣ дар даромадгоҳи бино ва утоқҳои корӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ