Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис шикоятҳои назоратии ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бонк, кумита ва эътирози Раиси Суди Олии иқтисодӣ доир ба парвандаҳои иқтисодӣ барраси карда шуд.
Аз он ҷумла шикояти назоратии ҶДММ “Архидея Консалтинг”, шикояти назоратии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, шикояти назоратии хоҷагии деҳқонии “Ғаюр”, шикояти назоратии Директори генералии ҶМДММ Россияву Тоҷикистон “Техноэнергокомплект”, шикояти назоратии ҶСК ба номи “А. Ҷумаев”-и ноҳияи Б. Ғафуров, шикояти назоратии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шикояти назоратии ҶДММ “Сайёд Плюс” ва эътирози Раиси Суди Олии иқтисодӣ доир ба парвандаҳои иқтисодӣ мавриди барраси қарор дода шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ


