Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, таъкид менамуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем.
Воқеъан, ҳамин ягона роҳе ҳаст, ки метавонад ниёзҳои қишрҳои гуногуни ҷомеаи моро амалӣ созад. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон фаъолияти назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам оварданд. Дар ин замина, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат даҳҳо асарҳо таълиф гардидаанд, ки имрӯзҳо ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.
Истиқлолият – ин санаи таърихӣ ва рӯйдоди фарахбахш 9 – уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва ин аст, ки ҳамасола расман санаи мазкур ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Яъне, аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.
Тавре ки ҳамагон медонанд, даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва ҳамзамон ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тавре ки мо медонем, 26-уми марти соли 2009 дар заминаи пайдоиши ҷунбишҳои динию мазҳабӣ, бо мақсади солимгардонии фазои динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва нигоҳ доштани эътиқоди мазҳабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, қабул гардид. Қонуни мазкур ба эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, навобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод ба талаботи Конститутсия ба яке аз ҳуқуқҳои фитрии инсон – озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин арзи эҳтиром гузошта, хусусияти давлатии дунявӣ доштани Тоҷикистонро ба инобат гирифтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” – ро беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва ҳамчунин, рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солим ва таъмини озодии башардӯстона баръало хидмат кардааст.
Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги халқи тоҷик буда, онро ҳифз намудан вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки воқеан ҳам ба ин неъмати бебаҳою беназир арҷгузорӣ намуда, баҳри ҳифзи он ҷони хешро дареғ надорем.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фархунда бод!
САМАДЗОДА Бахтиёр Қурбонхон – муовини сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон