- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Дар ноҳияи Спитамен аз 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати баланд таҷлил карданд.

Дар доираи ин ибтикорот чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҷиҳати тамошои он сокинони ватандӯсту худшиноси ноҳия ба ҳам омаданд.

Дар чорабинӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода иштирок намуданд.

Инчунин, як гуруҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии Улуғбек Абдуназаров ташриф доштанд.

Чорабинии тантанавӣ бо суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ифтитоҳ ёфт.

Номбурда дар бораи роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар масири 31 соли истиқлол ибрози назар намуд.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ расонид.

Оид ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода сухан кард.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлат давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардида, сӯйи пирӯзиҳои назаррас қадамҳои устувор мегузорад.

Гуфта шуд, ки истиқлол дастоварди олитарини миллати тоҷик буда, ҳимоя ва ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо масъулият, вазифа ва рисолати ҳар як сокини Тоҷикистон аст.

Ба як қатор фаъолони ноҳия мукофоти давлатӣ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз ҷумла, директори мактаби санъати ба номи Мирзо Пардаев Гулнора Ёқубова бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардид.

Бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуллозода Алишер – сардори раёсати молияи ноҳияи Спитамен ва Ҳафизи Умедҷон – Раиси Ҷамоати Куруш қадр шуданд.

Ҳамзамон, ба 5 нафар собиқадорон мукофотҳои пулии Раиси вилоят супорида шуд.

Баҳри болидахотирии сокинон барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба таҷлили ҷашни миллии истиқлоли давлатӣ таровати бештар эҳдо намуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.