Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди қонунгузорӣ ва таъмини адолати судӣ дар даврони Истиқлол”

7 сентябри соли 2022 дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба 31-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди қонунгузорӣ ва таъмини адолати судӣ дар даврони Истиқлол” баргузор гардид.

Сараввал Раиси Суди Олии иқтисодӣ  Мирзозода Рустам ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида ҳамагонро ба ин ҷашни таърихӣ ва тақдирсоз табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки истиқлол барои тоҷикион рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шуҳрату эътибори Тоҷикистон буда  нишони соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятӣ давлат мебошад. Маҳз ин ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки давлатдории навини худро бунёд намуда ба қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъи хоси худро пайдо намояд. Дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин, Тоҷикистон пайваста қадамҳои устувори худро гузошта дар 31 соли даврони истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Таъкид гардид, ки дар пайомади заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзии  мамлакат ва ягонагии он мустаҳкам гардида, таъмини сулҳу суботи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалй пазируфта шуд.

Дар чорабини ҳамчунин  судяи Суди Олии сқтисодӣ Наимзода Бахтиёр дар мавзӯи “Рушди қонунгузорӣ ва таъмини адолати судӣ дар даврони Истиқлол” ва мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус Наҷмиддинзода Омина  дар мавзӯи “Истиқлол бақои давлати тоҷик” баромад намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу