- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: Омодагиҳо ҷиҳати таҷлил аз Истиқлоли давлатӣ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати таҷлили сазовор аз рӯйдоди муҳими таърихӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи ташаббусҳои созанда идома дорад.

Бо ин мақсад дирӯз ба ноҳия муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайриддинзода Азизбек ташриф оварданд.

Дар доираи сафари корӣ ҳамроҳ бо Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода аз ҳолати таъмиру тармими Литсейи касбӣ-техникӣ, ҳолати сохтмони Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Навбунёд, фаъолияти бомароми ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” ва “Шири Спитамен”, ҳолати сохтмони Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Файзобод, муассисаи таълимии деҳа, сохтмони бинои иловагии Ҷамоати деҳоти Куруш дидан намуданд.

Дастур дода шуд, ки ҷиҳати сифатнок анҷом додани сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар самти сазовор бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми судманду созанда ба роҳ монда шавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ