Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П., маҷлисро кушода, нахуст, оид ба риояи интизоми меҳнат таъкид карда аз судяҳо ва кормандони дастгоҳ риояи қатъии муқаррароти қонунгузории соҳаи меҳнатро талаб намуданд.
Сипас, ба раёсати коргузорӣ, назорат ва оморӣ судӣ дастур дода шуд, ки оид ба рафти назорати иҷрои муқаррароти Конститутсия ва қонунгузорӣ оид ба баамалбарории адолати судӣ чораҳои қатъи андешида шаванд. Парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро назорат намуда, иҷрои саривақтии онҳоро аз шахсони масъул талаб намоянд.
Ҳамзамон фаъолияти ёрдамчиёни судя мавриди муҳокима қарор гирифта, барои саривақт огоҳ намудани шахсони иштирокчии парвандаҳо ва босифат таҳия намудани протоколҳои мақлиси судӣ дастур дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои воридотие, ки ба фаъолияти кории суд алоқаманд мебошад тибқи талаботи Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва бақайд гирифта шуда саривақт ба шахси иҷрокунанда барои корбарӣ супорида шавад.
Масъалаи вобаста намудани ёрдамчиёни судяҳо мавриди барраси муҳокима қарор гирифта ба бахши кадрҳо ва корҳои махсус оид ба омода намудани лоиҳаи фармоиш оид ба вобаста намудани ёрдамчиён ба судяҳои Суди Олии иқтисодӣ дастур дода шуд.
Ҳамчунин бобати иҷрои нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022, саривақт ба иҷро расонидани талаботи бандҳои он ва дар муҳлатҳои муқарракардашуда баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъкид гардид.
Дар охир доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи роҳбари суд дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ