
Дар санаи 15 сентябри соли 2017, бобати идомаи корҳои таблиғоти ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин тарғиби сару либоси миллӣ ва пешгирӣ намудани пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, Абдуллозода Зебонисо – муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабзода Парвина – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи корӣ дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав бо аъзоёни фаъоли ин ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо моҳияти Қонунҳои номбурдаро шарҳу эзоҳ доданд. Дар идомаи вохӯрӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён аз ҷониби гуруҳи таблиғотӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.