
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти семинарии навбатии кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони судҳо мебошад ва дар он кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд.
Дар семинар мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамонзода Ғ. дар мавзӯи “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ, методология оид ба муқовимат ба коррупсия” ва Ҳамроқулзода Б.-сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, дар мавзӯи “Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017 №276 “Дар бораи тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва амалияи тадбиқи онҳо” баромад намуда доир ба мавзуъҳои зикргардида малоҳиза намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ


