Имсол миллати соҳибтаъриху меҳнатдӯсти тоҷик 31- солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифта, барои пешвоз ва таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоло омодагӣ мегирад. Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, ҳатто деҳоти дурдаст корҳои ободонӣ дар авҷ буда, бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташаббуси соҳибкорони ватанӣ иншооти таъйиноти гуногун бунёд гардида истодаанд. Саҳми соҳибкорон дар таҷлили ботантанаи Ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ низ хеле назаррас буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба истиқболи Ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ изҳор доштанд соҳибкорони мо, махсусан, ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Бояд ёдовар шавем, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари тамоми соҳаҳо фаъолияти мақомоти судии мамлакат низ таҳким ёфта, такмили қонунгузорӣ ва қабули барномаҳои соҳавӣ ба беҳтар шудани шароити кори судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мусоидат кард.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома дода шуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20 апрели соли 2006 дар бораи зарурияти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ махсус зикр шуд, ки «Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беғарази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст».
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, амалӣ намудани дигар чораҳои соҳавӣ дар таҳкими ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад.
Вобаста ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо дарназардошти он, ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули давлатдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, бо мақсади рушду таҳкими ҳокимияти судӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан боз се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Имрӯз аз кормандони соҳа танҳо шаффофият дар баррасии саривақтӣ ва одилонаи парвандҳо тақозо мегардад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ, 21 ноябри соли 2019 фаъолияти соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар фаъолияти кории судҳо дар баъзан маврид риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳои судӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар сабаби ба талаботи қонунгузории амалкунанда ҷавобгу набудани сифати таҳияи санадҳои судӣ, онҳо аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда мешаванд.
Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз фаъолият дар мақомоти судӣ аз пештара дида рӯ ба беҳбудӣ оварда, камбудиҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Мо – кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки дар иҷрои дастуру супоришҳо ва ислоҳи эродҳои гирифтаи Сарвари давлат беш аз пеш дар баррасии саривақтии парвадаҳо ва пештафти кор масъулиятшинос бошем. Зеро шароити муҳайё намудаи Ҳукумати мамлакат моро водор мекунад, ки ҷавобан ба ғамхориҳо қадршинос бошем ва таъмини волоияти қонунро меҳвари фаъолияти худ қарор диҳем.
Бовар дорам, ки то Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар мақомоти судӣ низ дар самти шароити кории кормандон тағиротҳои зиёд ба амал омада, масъулияти моро боз ҳам меафзояд.
Искандарзода Бахтиёр, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон