Машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  машғулияти семинарии навбатии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чи тавре ки қаблан қайд карда будем, мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд.

Дар семинари машғулияти, ки бо иштироки роҳбарият ва судяҳо баргузор гардид, мавзуъҳои “Асоҳо, тартиб вамуҳлати қабули аризаи даъвогӣ (ариза) бо дарназардошти хусусияти хоси моҳияти баҳс”   “Асосҳо, тартиб ва муҳлати беҳаракат мондани аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва баргардонидани онҳо аз руи моҳияти хоси баҳс” мавриди омузиш карор дода шуда сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ  муҳокима  гардиданд.

Дар семинари машғулиятии кормандони дастгоҳ  аз ҷониби сардори Раёсати коргузорӣ, назорат ва оморӣ суди Ҳусейнзода Ф  омӯзиши дастурамалӣ намунавии коргузорӣ дар вазорату идораҳо ва тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии марҳилаи якум тибқи Дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар доираи ин мавзуъҳо мубоҳисаҳо намуданд.

Қайд менамоем, ки машғулиятҳои семинарӣ тибқи Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022 ба роҳ монда шуда он бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу