Имруз дар толори маҷлисгоҳи суд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Дар маҷлис сараввал вобаста ба интизоми меҳнат таъкид гардида, риояи он даъват ба амал овардашуд, ғайр аз ин бобати саривақт ва сифатнок таҳия намудани санадҳои судӣ таъкид гардида, ба судяҳо ва ёрдамчиёни онҳо супориш дода шуд, ки санадҳои судӣ бо назардошти қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ таҳия карда шуда, иҷрои санадҳои судӣ таҳти назорати қтъи қарор дода шавад.
Қайд карда шуд, он тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба кормандон шинос карда шуда, дар машғулиятҳои семинарӣ мавриди омузиш қарор дода шавад
Дар маҷлиси мазкур масъалаи корбарии сомонаҳо, ҷой додани маълумотҳои дахлдор доир ба фаъолияти суд бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин бобати иҷрои нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ дар нимсолаи дуюми соли 2022, саривақт ба иҷро расонидани талаботи бандҳои он ва дар муҳлатҳои муқарракардашуда баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъкид гардид.
Дастур дода шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад,
Дар охир доир ба иҷрои дақиқи вазифаҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аз тарафи роҳбари суд дастурҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ