Санаи 25 июли соли 2022 дар толори Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022 тасдиқ гардидааст, бо иштироки Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С.А. ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Қисмати расмии ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз гардида, номбурда оид ба фаъолияти баамалбарории адолати судии судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 маълумоти муфассал манзур намуд.
Таъкид гардид, ки судҳои иқтисодӣ рисолати конститутсионии худро дар бораи баамалбарории адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 бо дарки масъулият ва натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар пайгири аз сиёсати бундёкоронаи роҳбари давлат баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ карда, бобати иҷрои он корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома дорад.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷрои саривақтии он таъмин карда мешаванд. Муҳтавои Паём дар ҷаласаи васеи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ 126 (29) маротиба омўзиши нуқтаҳои Паём роҳандозӣ гардида, ба воситаи ахбори омма ва сомонаҳо 152 баромад ва мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонида шудааст. Ҳамчунин дар робита ба дастурҳои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар доираи “Равзанаи ягона” ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар мақомоти давлатӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор 26 майи соли равон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Саҳми сармоягузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор карда шуд. Аз натиҷаи ҳамоиш баҳри пешрафти соҳа, омўзиши зарурати такмили қонунгузорӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас манзур гардид. Марбут ба такмили қонунгузории мурофиавӣ дар самти низоми коргузории электронӣ дар судҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода ва баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон ва Дастурамали коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ дар ин самт такмил дода шудааст.
Дар пайгирӣ аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дастгирӣ ва расонидани кўмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону шахсони имконияташон маҳдуд, бемору барҷомонда, бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд идома дошта, ба Хонаи кўдакони №1-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Хона-интернати ноҳияи Спитамен ҷамъ ба маблағи 35 310 сомонӣ кўмаки молиявӣ расонида шудааст.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин давра 570 (1023) нафар ба судҳои иқтисодӣ ба таври шифоҳӣ ворид гардида, саривақт ҳаллу фасл гардида, посухҳои дахлдор дода шудааст. Ҳамзамон давраи ҳисоботӣ 193 (339) муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ворид гардида, аз ин шумора 181 (319) муроҷиат ҳал ва 12 муроҷиат барои баррасӣ ба нимсолаи дуюми соли 2022 боқӣ мондааст.
Қабули шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар рўзҳои шанбе ба таври доимӣ роҳандозӣ гардида, давраи ҳисоботӣ 102 (117) шаҳрвандон қабул ва арзи онҳо ҳал гардидааст.
Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар ин давра 5 (1) мавод мавриди омўзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ҷавоб ирсол гардидааст.
Натиҷаи омўзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки нимсолаи якуми соли 2022 дар судҳои иқтисодӣ 1803 (2081) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла бо баровардани ҳалнома 857 (925) парванда, истеҳсолот доир ба 73 (70) парванда қатъ карда шуда, 72 (110) аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 7 (5) ариза рад карда шуда, 1 парванда аз рўи тобеият ва 474 (341) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудааст. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 166 (163) ва дар суди марҳилаи назоратӣ 153 (151) парванда баррасӣ гардидааст.
Доир ба 7 (16) ё 0,4 % (0,9 %) парвандаҳо вайронкунии муҳлат ба амал омада, 18 (18) ё 0,9 % санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва 9 (11) ё 0,4 % санади судӣ ба тариқи назоратӣ бекор карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ 1 810 070 (1 175 753) сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 634 317 сомонӣ зиёд мебошад.
Доир ба рўёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 394 854 668 (153 149 195) сомонӣ талабот арз гардида, аз он ба маблағи 380 218 730 (118 101 265) сомонӣ даъво қонеъ гардида, 7 567 727 (2 497 327) сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст. Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ бо тартиби муқарраргардида варақаи иҷро дода шудааст.
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ оид ба рўёнидани маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ ҷамъ ба маблағи 111 304 484 (60 799 891) сомонӣ таъмин карда шудааст.
Баҳри иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 177 (151 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, дар 196 (172) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷўӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин давра 12 (11) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 38 (12) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.
Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3 (4) мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шудааст.
Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохўриву мулоқот бо аҳолӣ 697 (403) маротиба баромадҳо, дар матбуот ва сомонаҳо 180 (157) мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд.
Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, нимсолаи якуми соли равон ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 20 (7) супориши судӣ ворид ва баррасӣ гардидаанд. Ғайр аз ин, 5 (5) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид, аз он 3 дархост баррасӣ ва 2 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар баробари қаноатбахш арзёбӣ шудани фаъолияти судҳои иқтисодӣ, таҳлили фаъолияти онҳо нишон медиҳад, ки то ҳол риоя накардани муҳлату сифати баррасии парвандаҳо, нодуруст татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, ба тарафҳо саривақт насупоридани санадҳои судӣ, суст будани назорати иҷрои санадҳои судӣ мушоҳида мегардад.
Ҳолатҳои зикргардида, аз судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки бобати бартараф намудани норасогиҳо, беҳтару хубтар ташкил намудани кор дар судҳои иқтисодӣ, таъмини волоияти қонун ва баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, қонунияту адолат, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият бахшем.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи созанда баргузор гардида, намояндагони матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ саволҳои худро манзур гаронида, посухҳои дахлдор гирифтанд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

