- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Спитамен: натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2022

Оид ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи ноҳияи Спитамен давоми шаш моҳи аввали соли равон маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид.

Темурҷон Нӯмонзода, Раиси ноҳияи Спитамен ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди олии иқтисодӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири бахши кишоварзӣ иштирок доранд.

Инчунин, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон иштирок доштанд.

Оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2022 ҳисобот дода шуд.

Бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷаласа ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Дар фарҷом як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо барои саҳми арзанда ҷиҳати иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ