Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Мутобиқи рӯзноми маҷлис оид ба ҷамъбсти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қомили Файзалӣ оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ шунида шуд. Сипас доир ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 – ро ироа намуданд, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ








