Вохӯрии гуруҳи таблиғоти ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар санаи 14 сентябри соли 2017 , Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор ва мутахасисси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дамонзода Ғолиб бо ҳамроҳии  гуруҳи таблиғоти  ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории дигар, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  карда шудааст, ба шаҳри Турсунзода  сафари кори анҷом дода. дар ҷамоати деҳоти Работ ва ҷамоати ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода бо аъзоёни фаъоли ин ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо моҳияти  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару  модар  дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар  тағйироту  иловаҳо ба санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, инчунини тарғиби сару либоси миллӣ ва пешгирӣ намудани пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, махсусан аз ҷониби фарзандон ва оилаҳои шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ва ғайраро шарҳу эзоҳ  доданд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу