- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маросими гусели корманди дастгоҳи СОИ ҶТ Исмоилов Амирҳамза, ки ихтиёран ба хизмати ҳарби сафарбар гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели корманди дастгоҳи суд Исмоилов Амирҳамза ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Исмоилов Амирҳамзаро барои шуҷоату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, сипосмандии роҳбарияти судро ба волидони Исмоилов Амирҳамза барои тарбияи чунин писари бо нангу номус, расонид.

Мавсуф қайд намуд, ки Исмоилов А. ҳидоятҳои Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи қори худ дониста, дар назди худ мақсад гузошт, ки хизмати Ватанро сарбаландона ба ҷо биёрад.

Ҳамчуни зикр гардид, ки адо намудани хизмати Ватан – модар ин қарзи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад. Ҳисси баланди ватандустӣ ва  масъулиятшиносӣ, Исмоилов Амирҳамзаро водор намуд, ки ин иқдомро ба ҷо биёрад.

Ҳайати роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо ифтихормандӣ аз мавҷуд будани чунин ҷавонони содиқу шуҷоъ, ки барои ҳимояи Ватану модар омода астанд, изҳори ифтихор намуданд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти суд ба Исмоилов Амирҳамза туҳфаи хотиравӣ, китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ