ВОКУНИШ
вобаста бамаводи танқидиву таҳлилии амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” дар шабакаи иҷтимоии интернет дар хостинги видеоии “YouTube” дар саҳифаи “Далери Эмомалӣ” таҳти унвони “Миллионҳои мардум дар “Тоҷпромбонк”– Раисаш кучост?”, ки санаи 25 майи соли 2022 ба табъ расидааст
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 феврали соли 2009, таҳти №622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ваҷҳҳои дар маводи танқидиву таҳлилии амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” дар шабакаи иҷтимоии интернет дар хостинги видеоии “YouTube” дар саҳифаи “Далери Эмомалӣ” таҳти унвони “Миллионҳои мардум дар “Тоҷпромбонк”– Раисаш кучост?”, ки санаи 25 майи соли 2022 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Зимни санҷиши ваҷҳҳои овардаи амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” муайян гардид, ки онҳо нисбат ба мурофиаи муфлисшавии ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” ва нисбат ба амали судяҳои суди иқтисодии шаҳри Душанбе марбут ба қабули онҳо норозигӣ баён намудаанд.
Муайян карда шуд, ки дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи муфлисшавии ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” идома дорад.
Тибқи талаботи қисми 4 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” мудири махсус ба манфиати қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурўхтани) дороиҳои ташкилоти қарзӣ ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур амалӣ менамояд.
Тавре аз ҳисоботи ҳисоботи мудири махсуси ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” Шарипов Ф. бармеояд, ба амонатгузорон, аз ҷумла Самадова С., Шукуров Ф. ва Қодирова Р. ҳар моҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуда маблағи нақдӣ пардохт карда мешавад.
Доир ба норозигии муроҷиаткунандагон нисбат ба амалҳои судя маълум менамоем, ки амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” Самадова С., Шукуров Ф. ва Қодирова Р. чандин маротиба, аз ҷумла санаҳои 20 сентябри соли 2021, 27 сентябри соли 2021, 6 январи соли 2022 ва 4 марти соли 2022 аз ҷониби раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Ф. ва судяи ҳамин суд Саидзода З.С. қабул карда шудааст, ки дар ин хусус дар китоби бақайдгирии муроҷиатҳои шаҳрвандон қайдҳои дахлдор ҷой дорад.
Инчунин, аз китоби бақайдгирии қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе маълум мегардад, ки санаи 23 майи соли 2022 амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” Самадова С., Шукуров Ф. ва Қодирова Р. аз ҷониби раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе қабул ва арзи онҳо оид ба баргардонидани маблағҳои пасандозашон шунида шудааст.
Сипас, соати 12:20 санаи 23 майи соли 2022 амонатгузорони ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” Самадова С., Шукуров Ф. ва Қодирова Р. ба утоқи кории судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С. барои қабул намудан ворид гардидаанд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, дар мақомоту ташкилоти дахлдор маҳал, рўз ва соати қабули муроҷиаткунандагонро роҳбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда уҳдадоранд дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиаткунадагонро шахсан қабул намоянд.
Тибқи ҷадвали аз ҷониби раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе тасдиқгардида санаи 23 майи соли 2022, ки ба рӯзи душанбе рост меояд, қабули шаҳрвандон аз тарафи судя Баротзода З.М. амалӣ карда мешавад.
Аммо ба ин нигоҳ накарда, судя Саидзода З.С. ба амонатгузорон иброз намудааст, ки айни ҳол вақти танаффус мебошад ва дар вақти корӣ муроҷиат намоянд, ки аз ин ҳолат Самадова С. дар ғазаб шуда, нисбат ба судя суханони қабеҳ задааст ва дар ин хусус санади дахлдор тартиб дода шудааст.
Мутобиқи талаботи сархати 2 моддаи 8 Қонуни зикргардида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар эҳтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳу таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки шахси баррасикунандаи мурољиат ё аъзои оилаи он роҳ надиҳанд.
Бо назардошти суханони қабеҳ ва таҳқиркунандаи Самадова С. судя Саидзода З.С. тибқи талаботи қисми 7 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” амал намуда, қабулро қатъ кардааст ва дар ин хусус санади дахлдор тартиб дода шудааст, ки ҳолатҳои мазкур дар гузориши судя зикр намудааст.
Маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу