- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ВОКУНИШ вобаста ба маводи танқидиву таҳлилии Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар хостинги видеоии “YouTube” дар саҳифаи “Далери Эмомалӣ”, ки рӯзи 22 майи соли 2022 ба табъ расидааст

ВОКУНИШ

вобаста ба маводи танқидиву таҳлилии Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар шабакаи иҷтимоии интернет дар хостинги видеоии “YouTube” дар саҳифаи “Далери Эмомалӣ” таҳти унвони “Баҳси замин – Чӣ гуна модар имзо кард?”, ки рӯзи  22 майи соли 2022 ба табъ расидааст

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 феврали соли 2009, таҳти №622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ваҷҳҳои дар маводи танқидиву таҳлилии Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар шабакаи иҷтимоии интернет дар хостинги видеоии “YouTube” дар саҳифаи “Далери Эмомалӣ” таҳти унвони “Баҳси замин – Чӣ гуна модар имзо кард?”, ки рӯзи  22 майи соли 2022 ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Зимни санҷиши ваҷҳҳои овардаи Сангинов М.С. муайян гардид, ки собиқ раиси хоҷагии деҳқонии “Меҳр”-и ноҳияи Мастчоҳ Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Сафаров Манучеҳр Ниёзович бо ариза ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 12 июли соли 2019, №605 “Дар бораи бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 30 августи соли 2018, №658 “Дар бораи аз нав муайян намудани ҳудуди замини хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон” бинобар ғайриқонунӣ буданаш беэътибор дониста шавад.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2021 аризаи мазкури собиқ раиси ҳоҷагии деҳқонии “Меҳр”-и ноҳияи Мастчоҳ Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Сафаров Манучеҳр Ниёзович, рад карда шудааст.

Парвандаи мазкур дар суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Намояндаи ваколатдори Раиси хоҷагии деҳқонии “Меҳр”-и ноҳияи Мастчоҳ Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович  – Сафаров Манучеҳр Ниёзович бо ҳалномаи мазкур розӣ нашуда, ба марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодӣ муроҷиат намудааст.

Бо қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодӣ аз 05 октябри соли 2021 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 17 феврали соли 2021 аз рӯи парвандаи иқтисодии №1-13/21 бо аризаи собиқ раиси ҳоҷагии деҳқонии “Меҳр”-и ноҳияи Мастчоҳ – Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Сафаров Манучеҳр Ниёзович нисбат ба шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ, шахсони сеюм – Сафаров Абдуқаюм Сафарович ва Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар бораи беэътибор донистани қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 12 июли соли 2019, №605 “Дар бораи бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 30 августи соли 2018, №658 “Дар бораи аз нав муайян намудани ҳудуди замини хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон” бекор карда шуда, бо парванда санади судии нав қабул карда шуда, аризаи собиқ раиси ҳоҷагии деҳқонии “Меҳр”-и ноҳияи Мастчоҳ – Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Сафаров Манучеҳр Ниёзович қонеъ карда шуда, қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 12 июли соли 2019, №605 “Дар бораи бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 30 августи соли 2018, №658 “Дар бораи аз нав муайян намудани ҳудуди замини хоҷагии деҳқонии “Сангин Сафар”-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстон”, беэътибор дониста шудааст.

Санади судии мазкур эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Ваҷҳи баённамудаи Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар бораи он, ки гӯё маърӯзачӣ Азизӣ Ҷ.А. ҳангоми қабули изҳори норозигӣ ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқро ба ҷойи даъвогар Сангинов Маҳмадрозиқ Сафарович гумон намуда, гуфтааст, ки “маслиҳате Шумо кардед боз дигар хел роҳ мешавад, агар Шумо тонед мо метонем дар ҳамин ҷо ҳал карданд, қарор қабул карда бекор мекунем, қарор қонунӣ мешавад, маслиҳат ҳамин хел буд ку”, таҳти санҷиш қарор дода шуд.

Тавре аз гузориши судя Азизӣ Ҷ. бармеояд дар ҳақиқат ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович 4 октябри соли 2021 аз ҷониби маърӯзачӣ Азизӣ Ҷ.А. дар назди даромадгоҳи раёсати коргузорӣ ва назорат ҳангоми пешниҳоди изҳори назар ба шикояти назоратӣ қабул карда шудааст. Зеро, навбатдори даромадгоҳи суд тавассути телефони дохилии идоравӣ ба судя занг зада иброз намудааст, ки Сангинов М.С. ариза ва ҳуҷҷатҳои иловагиро пешниҳод мекунад. Судя тибқи тартиби муқарраргардида ҷавобгар Сангинов М.С. – ро қабул намудааст.

Сангинов М.С. иброз намудааст, ки нисбат ба шикояти назоратӣ изҳори назар дорад, маърӯзачӣ ба охирин фаҳмонидааст, ки метавонад изҳори назарро зимни баррасии парванда пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, барои бо созиш ҳал намудани баҳс судя тадбирандешӣ намуда, ба ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович иброз намудааст, ки “аз маводҳои парванда маълум мегардад, ки ба тарафи дигари баҳс Шумо бародарон ҳастед. Намешавад, ки қитъаи заминро байни ҳам тақсим намуда, баҳсро бо роҳи муросо ҳал намоед?”. Ба саволи мазкур ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович ҷавоб додааст, ки вай ҷавобгар мебошаду қитъаи замин дар дасти вай нест ва даъвогар хоҳиши созиши оштиро надорад.

Зимни қабули изҳори норозигӣ ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович ба маърӯзачии парванда Азизӣ Ҷ.А. иброз намудааст, ки мехоҳад ҳолати корро ба ӯ фаҳмонад, вале судя баён намудааст, ки пагоҳ дар маҷлиси судӣ ҳуқуқ дорад, ки тамоми ваҷҳу далелҳои худро дар якҷоягӣ бо изҳори назар пешниҳод намояд.

Тавре аз протоколи маҷлиси судӣ бармеояд бо парвандаи мазкур рӯзи 05 октябри соли 2021 шикояти назоратӣ дар ҳайати раисикунанда Камолзода Р., судяҳо Ширинзода Э.С. ва Азизӣ Ҷ.А. баррасӣ гардида, ба тарафҳои иштироккунандаи парванда, яъне намояндаи ваколатдор Сафаров М. ва ҷавобгар Сангинов Маҳмадсодиқ ҳуқуқу уҳдадориҳояшон, аз ҷумла ҳуқуқи пешниҳоди раддия нисбат ба ҳайати суд фаҳмонида шудааст. Дар сурати мавҷуд будани шубҳа оид ба беғаразии судя Азизӣ Ҷ.А. Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович дар маҷлиси судии марҳилаи назоратӣ метавонист нобоварӣ баён намояд. Аммо тибқи маводҳои парванда нобоварӣ нисбат ба судя Азизӣ Ҷ.А. изҳор нашудааст.

Ғайр аз ин, асосҳои бекор кардани ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд ва асос барои дар ҳамин марҳилаи судӣ қабул намудани санади нави судӣ дар қарори марҳилаи назоратӣ ба таври пурра дарҷ гардида буд.

Зиёда аз ин, аз лаҳзаи қабули қарор зиёда аз 7 моҳ гузашта, Сангинов Маҳмадсодиқ Сафарович нисбат ба қарори номбурда то имрӯз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ шикоят наовардааст.

Маркази матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон