Бо мақсади расонидани муҳтавои асосиии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21 декабри соли 2021 ироа гардида буд, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия вохӯриву мулоқотҳо баргузор намуда истодаанд.
Ҳамин гуна вохӯрӣ, 28 май аз ҷониби роҳбари дастгоҳи суд ҚаҳҳорзодаҶ. ва сардори шуъбаи муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо Ҷумазода М. ва 4 июни соли ҷорӣ аз ҷониби судя Азизӣ Ҷ. роҳбари дастгоҳ Қаҳҳорзода Ҷ. сардори шуба Ҷумазода М. ва муовини сардори раёсати коргузорӣ ва назорат Насруллозод С. бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Хуррамзамин ва Турсун Ӯлҷабоев гузаронида шуда, дар он масъалаҳои расонидани муҳтавои асосии Паёми саравари давлат ба Маҷлиси Олӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, оид ба маданияти истифодаи самараноку дурусти замин, кишти саривақтии заминҳои наздиҳавлигию президентӣ аз ҷониби аҳолӣ, пешгирии исрофкорӣ, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, инчунин сифатнок тибқи меъёрҳои сохтмонӣ ва ба таври замонавӣ сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, ба муносибати 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, суҳбат ороста шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ аҳолии ҷамоатҳои мазкурро барои захираи маводи дусолаи ғизоӣ, аз ҷумла гандум, лӯбиё, наск, нахӯд, мош ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ва тарзи дурусти нигоҳдории онҳо тавассути ташкил намудани сардхонаҳо ва нигоҳдории дурусти онҳо даъват карда шуд.
Пас аз вохӯрӣ дар ҷамоатҳои мазкур аз вазъи муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ (беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ), маориф (мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) дидан намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Ғайр аз ин вобаста ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатҳои иншоотҳои дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен сохташуда бо соҳибмулкони ин иншоотҳо дар ҷамоатҳои мазкур вохӯрӣ гузаронида, ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳ барасмият даровардани иншоотҳои сохташуда дастурҳо дода шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади таҷлили бошукуҳи 30- солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Спитамен сохтмон, таъмир ва азнавсозии 410 адад иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, тибқи маълумоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо назардошти иншоотҳои иловагӣ иҷро карда шудааст
Маркази матбуоти СОИ ҶТ



