Дар толори нозироти андози ноҳияи Спитамен мулоқоти судманд анҷом ёфт. Дар мулоқот масъулину намояндагони сохторҳои соҳаи андоз, кишоварзӣ, прокуратураи ноҳия ва хоҷагиҳо иштирок доштанд.
Дар доираи мулоқот масоили кам намудани бақияпулиҳои андоз ва самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаби замин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ доир ба истифодаи самараноки замин сухан намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ба масъулин расонид.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар самти расидан ба натиҷаҳои назарраси кишоварзӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда, имтиёзҳои муфид таъмин гардидаанд.
Дастур дода шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид ҷиҳати расидан ба дастовардҳои арзанда дар соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ


